Трамп дархости паноҳандагӣ аз 11 кишварро ба таъхир андохт
(last modified Wed, 25 Oct 2017 09:50:30 GMT )
Октябр 25, 2017 14:50 Asia/Dushanbe
  • Трамп дархости паноҳандагӣ аз 11 кишварро ба таъхир андохт

Давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико баррасии дархостҳои паноҳандагӣ аз 11 кишварро муваққатан ба таъхир андохт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, раиси ҷумҳурии Амрико поёни давраи 120 рӯзаи манъи вуруди паноҳҷӯён ба ин кишварро гузориш кард, аммо як давраи семоҳаи дигар барои баррасии барномаи пазириши паноҳҷӯ аз 11 кишвар таҳти унвони кишварҳои “бо риски боло” дар назар гирифт.

Мамнуияти 120 рӯзаи доналд Трамп барои вуруди паноҳҷӯён ба хоки Амрико рӯзи сешанбе ба поён расид.

Давлати Амрико аз интишори феҳристи номҳои ин 11 кишвар худдорӣ кардааст.

Давлати Трамп моҳи гузашта ҳам манъи ҷадиде барои вуруди атбои кишварҳои Эрон, Чад, Либия, Кореяи Шимолӣ, Сомали, Сурия, Венесуэла ва Яман дар назар гирифт, ки бо ҳукми додгоҳ аз иҷро бозмонд.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар ҷараёни рақобатҳои интихоботии соли 2016 ваъда дода буд, монеи вуруди мусалмонон ба Амрико шавад.

 

 

Барчасп