Пушти пардаи интишори бархе асноди террори Кеннеди
Бойгонии миллии Амрико ҳудуди ду ҳазору 800 санади марбут ба террори Ҷон Ф. Кеннеди, раисҷумҳури пешини ин кишварро, ки то кунун маҳрамона буданд, мунташир кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бомдоди ҷумъа интишори ин аснодро таъйид кард.
Ҷон Кеннеди, 35-умин раисҷумҳури Амрико 22-юми ноябри соли 1963 дар иёлати Техас ҳадафи исобати гулӯла қарор гирифта, дар бемористон даргузашт. Бо вуҷуди гузашти солҳо ҳанӯз норӯшаниҳои зиёде дар мавриди террори Кеннеди вуҷуд дорад. Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) ва бархе аз дигар ниҳодҳои амрикоӣ ҳамвора мухолифи интишори ҳар санаде дар хусуси ин рӯйдод буданд. Идораи таҳқиқоти федералӣ (FBI) ва Созмони иттилооти марказии Амрико рӯзи ҷумъа ҳам тавонистанд бо лобигарӣ аз интишори бахше аз ин аснод ҷилавгирӣ кунанд.