Октябр 27, 2017 21:15 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Русия ба оғози таҳримҳои Амрико зидди Маскав

Муовини вазири умури хориҷии Русия эълом кард, кишвараш метавонад паёмади таҳримҳои Амрикоро ба ҳадди ақал бирасонад.

Ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, Сергей Рябков рӯзи ҷумъа гуфт, Амрико маркази ҷаҳон нест ва Русия бо густариши ҳамкориҳо бо бисёре аз шарикони худ дар саросари ҷаҳон рӯ ба пеш гом хоҳанд бардошт. Ин мақоми аршади рус таъкид кард, агар амрикоиҳо худро аз ҳамкории иқтисодии оддӣ бо Русия канор бикашанд, ин интихоби онҳост, аммо Маскав метавонад шева ва роҳҳалҳое дар пеш бигирад, ки паёмадҳои чунин сиёсатро ба ҳадди ақал мерасонанд.

Ҳитер Ноуерт (Heather Nauert) сухангӯи Вазорати умури хориҷи Амрико шаби панҷшанбе эълом кард, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии ин кишвар вазорати таҳти амри худро иҷозат додааст, то бар асоси қонуни мавсум ба муқобила бо нуфузи Русия дар Аврупо ва Авруосиё, феҳристи афроду ниҳодҳоеро, ки дар иртибот ва ё ба намояндагӣ аз бахшҳои дифоию амниятии Русия фаъолият мекунанд, барои умум мунташир кунад.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо моҳи июли соли 2014, дар пайи ҷудоии шибҳиҷазираи Қрим аз Украина ва пайвастан ба Русия бо тарҳи иттиҳоми ҳимояти Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина таҳримҳои зиддирусиро пиёда карданд.

 

Барчасп