Ибрози таассуфи Поп аз коҳиши ҷамъият дар Аврупо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25018-Ибрози_таассуфи_Поп_аз_коҳиши_ҷамъият_дар_Аврупо
Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон аз коҳиши тадриҷии ҷамъият ва афзоиши мушкилоти фарҳангӣ дар Аврупо ибрози таассуф кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 29, 2017 09:34 Asia/Dushanbe
  • Ибрози таассуфи Поп аз коҳиши ҷамъият дар Аврупо

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон аз коҳиши тадриҷии ҷамъият ва афзоиши мушкилоти фарҳангӣ дар Аврупо ибрози таассуф кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Поп Франсис таъкид кард: Аврупоиҳо бо коҳиши ҷамъият ва нотавонӣ дар интиқоли абзорҳои моддӣ ва фарҳангӣ ба ҷавонон барои мувоҷеҳ шудан бо мушкилоти оянда, мавқеияти худро дар сатҳи ҷаҳон ба хатар андохтаанд.

Поп гуфт: Давраи ноборварии мусибатборе бар Аврупо ҳоким шудааст.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон ҳамчунин гуфт: Аврупо фақат маҷмӯае аз ададҳо ва ниҳодҳо нест, балки маҷмӯае аз инсонҳост.