Ибрози таассуфи Поп аз коҳиши ҷамъият дар Аврупо
Октябр 29, 2017 09:34 Asia/Dushanbe
Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон аз коҳиши тадриҷии ҷамъият ва афзоиши мушкилоти фарҳангӣ дар Аврупо ибрози таассуф кард.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Поп Франсис таъкид кард: Аврупоиҳо бо коҳиши ҷамъият ва нотавонӣ дар интиқоли абзорҳои моддӣ ва фарҳангӣ ба ҷавонон барои мувоҷеҳ шудан бо мушкилоти оянда, мавқеияти худро дар сатҳи ҷаҳон ба хатар андохтаанд.
Поп гуфт: Давраи ноборварии мусибатборе бар Аврупо ҳоким шудааст.
Раҳбари католикҳои ҷаҳон ҳамчунин гуфт: Аврупо фақат маҷмӯае аз ададҳо ва ниҳодҳо нест, балки маҷмӯае аз инсонҳост.