Ифтитоҳи хати оҳани ҷадиди ҷумҳурии Озарбойҷон-Гурҷистон-Туркия
(last modified Tue, 31 Oct 2017 10:12:59 GMT )
Октябр 31, 2017 15:12 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи хати оҳани ҷадиди ҷумҳурии Озарбойҷон-Гурҷистон-Туркия

Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия рӯзи душанбе хати оҳани ҷадиде ифтитоҳ карданд, ки бо давр задани Русия замони интиқоли коло аз Чин то Аврупоро коҳиш медиҳад.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, ин хати оҳан ба тӯли 826 километрӣ аз Баку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон то шимоли Туркия имтидод дорад ва аз Тифлис, пойтахти Гурҷистон низ мегузарад .

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон дар маросими ифтитоҳи ин хати оҳан гуфт:  “Ин кӯтоҳтарин ва қобили эътимодтарин масир миёни Осиё ва Аврупост”.

Иттиҳоди Аврупо низ дар баёнияе ифтитоҳи ин хати оҳанро гоме муҳим дар иртиботи байни ҳамлу нақл дар тули ҷоддаи Абрешими бостонӣ донист .

Интизор меравад, ин хати роҳи оҳан, ки сохти он беш аз як миллиард евро ҳазина доштааст, тақрибан солона панҷ миллион тонна бор ҷо ба ҷо кунад ва сипас зарфияти он ба ҷо ба ҷоии 17 миллион тонна бор ва то як миллион мусофир бирасад .