Октябр 31, 2017 17:24 Asia/Dushanbe
  • Таҳлили маҷаллаи амрикоӣ дар бораи панҷ бартарии низомии Эрон бар Арабистон

Вебгоҳи як маҷаллаи амрикоӣ дар таҳлиле ба ташреҳи панҷ бартарии низомии Эрон дар баробари Арабистони Саудӣ дар сурати вуқӯи даргирӣ миёни ин ду кишвар пардохтааст.

Вебгоҳи маҷаллаи амрикоии “Нейшнал интерест” дар таҳлиле ба ташреҳи панҷ бартарии низомии Эрон дар баробари Арабистони Саудӣ  дар сурати рух додани даргирӣ миёни ин ду кишвар пардохтааст. “Нейшнал интерест” менависад, дар сурати вуқӯи чунин рӯйдод Эрон метавонад бо истифодаи ҳушмандона аз «равишҳои номутаносиб», ки дар ихтиёр дорад, бо артиши мусаллаҳ ба таҷҳизоту фанновариҳои низомии Арабистони Саудӣ муқобила кунад. Аз назари таҳлилгарони ин нашрия, нерӯҳои “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар ҳоле ки ба худи худ силоҳ нестанд, муассиртарин абзоре ҳастанд, ки Эрон метавонад аз онҳо дар баробари Арабистони Саудӣ истифода кунад.

Нашрияи амрикоӣ маҷмӯаи мушакҳои баллистикии Эрон, шомили мушакҳои “Имод”, “Шаҳоб” ва “Сиҷил” бо суръати зиёд ва бурди тӯлониро аз дигар бартариҳои низомии Эрон бар Арабистон донистааст. Ба навиштаи “Нейшнал интерест”, киштиҳои тундҳаракати комилан мусаллаҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон бо қудрати ҳамла ба нерӯҳои баҳрӣ ва таъсисоти бандарӣ ва киштиронии Арабистон низ метавонад хисоратҳои зиёде ба Арабистон ворид кунад.

Киштиҳои  зериобии “Мидҷет”-и Эрон, ки барои иҷрои амалиёт дар обҳои камумқи Халиҷи Форс сохта шудаанд ва аз қобилияти шиллики “аждар”, раҳосозии анвои мина ва ҳамли нерӯҳои низомӣ бархурдоранд, низ аз таҷҳизоти низомии боаҳамияти Эрон ба шумор мераванд. Ҳамчунин ба навиштаи ин нашрия, гумон меравад, Эрон муваффақ ба сохти навъи ҷадиде аз мушакҳои дурбурди мавсум ба “Сумар” бо бурди тақрибан ҳазору 500 мил шуда бошад, ки ин мушакҳо низ яке аз бартариҳои низомии Эрон бар Арабистон маҳсуб мешавад.