Ноябр 01, 2017 13:48 Asia/Dushanbe
  • Бейрут мизбони конфронси саросарии Иттиҳоди ҷаҳонии уламои муқовимат

Дувумин нишасти саросарии Иттиҳоди ҷаҳонии уламои муқовимат ҳамзамон бо яксадумин солгарди судури баёнияи Болфур (поягузори режими саҳюнистӣ), имрӯз (чаҳоршанбе) ва фардо (якум ва дувуми ноябр, даҳум ва ёздаҳуми обон) дар Бейрут баргузор мешавад.

Шайх Ҳамуд, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои муқовимат гуфт, ҳадаф аз ин нишаст, ки бо ҳузури ҷамъе аз уламои уммати исломӣ ва шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ баргузор мешавад, ёдоварии ин нукта аст, ки Фаластин аслитарин масъалаи минтақа аст.

Дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои муқовимат бо ишора ба яксадумин солгарди баёнияи Болфур таъкид кард, вазифаи ҳама, аз ҷумла уламо истодагӣ дар баробари нақшаҳои истеъморгарон дар минтақа аст.

Дувумин нишасти саросарии Иттиҳоди ҷаҳонии уламои муқовимат бо шиори “Аз ваъдаи Болфур то ваъдаи илоҳӣ” баргузор мешавад.

Баёнияи Болфур ( Balfour Declaration) сароғози талош дар арсаи байналмилалӣ барои поягузории режими саҳюнистӣ дар сарзамини Фаластин ба шумор меравад.

Ин баёния, номае торихӣ аст, ки Артур Ҷеймс Болфур, вазири хориҷаи вақти Британия онро дар дувуми ноябри соли 1917 хитоб ба Валтер Ротшилд, сиёсатмадори яҳудитабор ва узви Маҷлиси авоми Британия навишт.

Дар ин нома аз “авзеи мусбат”-и давлати Британия барои “эҷоди хонаи миллӣ барои яҳудиён дар сарзамини Фаластин” хабар дода шуд.