Трамп хостори эъдоми омили ҳамлаи Манҳеттен шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25130-Трамп_хостори_эъдоми_омили_ҳамлаи_Манҳеттен_шуд
Раиси ҷумҳурии Амрико аз дастгоҳи қазоии ин кишвар судури ҳукми эъдомро барои омили ҳамлаи Манҳеттени Ню-Йорк хостор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 02, 2017 10:30 Asia/Dushanbe
  • Трамп хостори эъдоми омили ҳамлаи Манҳеттен шуд

Раиси ҷумҳурии Амрико аз дастгоҳи қазоии ин кишвар судури ҳукми эъдомро барои омили ҳамлаи Манҳеттени Ню-Йорк хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп дар сафҳаи твиттерии худ навишт: “Сайфуллоҳ Ҳабибуллоевич Соипов, омили ҳамлаи террористии сешанбешаби Манҳеттен бояд муҷозоти эъдом бигирад. Вай хушҳол буду мехост парчами ДИИШ-ро аз девори утоқаш дар бемористон биёвезад”.

Соипов сешанбешаб, ки пас аз зери чархи мошин гирифтани чанд пиёдаву дучархасавор, ба зарби гулӯлаи полис захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуд, дархост карда буд, ки парчами ДИИШ-ро дар утоқаш дар бемористон насб кунанд.

Мақомҳои амрикоӣ ҳамлаи Манҳеттенро як ҳамлаи террористӣ талаққӣ карданд.

Дар пайи ин ҳодиса Доналд Трамп дастури назорати шадид бар вуруди мусофирон ба Амрикоро содир кард ва ваъда дод, ки барномаи бахтозмоии “Грин корт” (корти сабз) -и иқомат дар ин кишварро бекор мекунад.

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон низ бо ирсоли паёме ба Доналд Трамп аз омодагии ҳамаҷонибаи Тошканд барои кумак ба раванди таҳқиқоти ин воқеа хабар дод.

Соипов дар соли 2010 аз тариқи баранда шудан дар бахтозмоии иқомат дар Амрико ба таври қонунӣ вориди ин кишвар шуда буд.

Ёддоште, ки аз худрави Соипов пайдо шудааст, мушаххас мекунад, ки вай бо гурӯҳи террористии ДИИШ байъат карда буд.