Ризоятмандии русҳо аз амалкарди Путин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25137-Ризоятмандии_русҳо_аз_амалкарди_Путин
Натоиҷи як назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки беш аз 83 дарсади русҳо аз амалкарди раисҷумҳури Русия ризоят доранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 02, 2017 17:26 Asia/Dushanbe
  • Ризоятмандии русҳо аз амалкарди Путин

Натоиҷи як назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки беш аз 83 дарсади русҳо аз амалкарди раисҷумҳури Русия ризоят доранд.

Бар асоси натоиҷи назарсанҷӣ, ки маркази таҳқиқоти афкори умумии All-Russia мунташир кард, шумори русҳое, ки аз амалкарди Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ризоят доранд, моҳи октябри 2017 ба 83,5 дарсад расид .

Ин рақам моҳи сентябри 2017 82,2 дарсад эълом шуда буд .

Ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, эътимоди шаҳрвандони рус ба Путин ҳамчунон болост.

Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, мизони эътимоди шаҳрвандони рус ба Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба 19,2 дарсад мерасад ва Дмитрий Медведев, нахуствазири ин кишвар низ дар ҷойгоҳи сеюм қарор дорад .

Ин назарсанҷӣ дар шароите баргузор мешавад, ки даври баъдии интихоботи раёсатҷумҳурии Русия моҳи марти соли 2018 баргузор хоҳад шуд .