Ноябр 04, 2017 13:41 Asia/Dushanbe
  • Посухи Маскав ба таҳримҳои Канада

Давлати Маскав дар вокуниш ба таҳрими 30 шаҳрванди ин кишвар аз сӯйи давлати Оттава, ҷумъашаб эълом кард, монеъ аз вуруди даҳҳо канадаӣ ба хоки Русия хоҳад шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Вазорати умури хориҷаи Канада дирӯз ин шаҳрвандони русро бар асоси қонуни “Магнитский” ва ба баҳонаи фасоди моливу нақзи ҳуқуқи башар таҳрим карда буд.

Сергей Магнитский, вакили руси Бунёди бритониёии сармоягузори “Эрмитаж” (Hermitage) дар Русия буд, ки ба иддаои манобеи ғарбӣ, мақомоти Русияро ба дуздӣ муттаҳам карда буд ва дар соли 2009 дар боздоштгоҳе дар Маскав кушта шуд.

Ба гуфтаи Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, ин кишвар маҷбур аст бо истинод ба асли муқобилаи бамисл, рафторе мушобеҳ анҷом диҳад.

Гуфтанист, таҳримҳои Русия шомили атбои канадаие мешавад, ки ба таври низомманд дар талош барои тахриби равобити ду кишвар ҳастанд.

Давлати федералии Канада гуфтааст, ки ҳар чанд ин қонун ба номи Магнитский аст, аммо дар саросари дунё иҷро хоҳад шуд.

30 фарди рус ба иллати мушорикат дар фасоди 230 миллиондолларӣ, ки тавассути Магнитский ифшо шуда буд, таҳрим шудаанд.

Магнитский ин афродро ба тахаллуфи молиётӣ муттаҳам карда буд.

 

Барчасп