Афзоиши хушунат алайҳи мусулмонон дар Британия
(last modified Sat, 04 Nov 2017 15:10:33 GMT )
Ноябр 04, 2017 20:10 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши хушунат алайҳи мусулмонон дар Британия

Як рӯзномаи британияӣ, аз афзоиши ҳамлаҳои хушунатомез алайҳи мусулмонони ин кишвар дар соли 2017 хабар дод.

Рӯзномаи британияии Independent дар гузорише навишт, хушунатҳо алайҳи мусулмонон дар хиёбонҳои Британия дар тӯли як соли гузашта, тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст ва дар ин миён занони қурбониёни аслии хушунатҳои ношӣ аз исломситезӣ дар ин кишвар ҳастанд .

Рӯзномаи Independent афзуд, ин хушунатҳо боис шудааст, ки бисёре аз занони мусулмон дар Британия барои наҷот аз ин хушунатҳо либосу зоҳири исломии худро тағйир диҳанд ва барои мисол, ба ҷои русарӣ аз кулоҳ истифода бикунанд.

Як гурӯҳи пайгири хушунатҳои ношӣ аз нафрату инзиҷор дар Британия низ дар гузорише эълом кард, беш аз як сеюми қурбониёни хушунатҳои ношӣ аз исломситезӣ дар хиёбонҳои Британия, занон ҳастанд ва занони мусулмон, ки пушиши исломӣ доранд, бештар ҳадафи хушунат қарор мегиранд .

Мавҷи исломҳаросӣ ва исломситезӣ дар Британия дар ҳоле афзоиш ёфтааст, ки ба рағми инки шумори қобили таваҷҷуҳе аз ҷамъияти Британияро мусулмонон ташкил медиҳанд, аммо бисёре аз мусулмонон аз надоштани амният дар ин кишвар нигарон ҳастанд .