Ноябр 07, 2017 17:17 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз ҳамлаи интиҳории ДИИШ дар Маскав

Вазири умури дохилии Русия аз муқобила бо вуқӯи ҳамлаи интиҳории гурӯҳи террористии ДИИШ дар наздикии як истгоҳи метро дар Маскав хабар дод.

Владимир Колоколтсев имрӯз ба рӯзномаи “Известия” гуфт, маъмурони амниятӣ як шаҳрванди Қирғизистон, узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дастгир карданд, ки қасд дошт, мошини боркаши пур аз маводи инфиҷориро наздики вурудгоҳи яке аз истгоҳҳои метро дар Маскав тарконад.  Ӯ афзуд, ин фард дар шаҳри Химки, наздики Маскав дастгир шуд ва таҳти бозҷӯӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи Колоколтсев, Вазорати умури дихилии Русия ҳудуди 150 гурӯҳи террористии муташаккил аз миллатҳои мухталифро шиносоӣ карда, беш аз 800 нафар аз саркардагону аъзои ин гурӯҳҳоро таҳти пайгард қарор додааст.

Гурӯҳи террористии ДИИШ то кунун дар Русия чанд амали террористӣ анҷом додааст, ки хунинтарини он сеюми апрел дар Санкт-Петербург рух дод. Дар он ҳамла бар асари инфиҷор  дар қатори метро, наздики истгоҳи «Технологический институт» 14 нафар кушта ва беш аз 50 нафар захмӣ шуда, террористи 22-солае ба номи Акбарҷон Ҷалилови қирғизтабор омили ин ҳамлаи террористӣ муаррифӣ шуд.

 

Барчасп