Ноябр 07, 2017 20:31 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Путин аз фурӯши силоҳ ба террористҳо дар Сурия

Раисҷумҳури Русия бо ибрози нигаронӣ аз фурӯши силоҳ ба террористҳо дар Сурия гуфт, манотиқи даргири Сурия ба манбаи даромади пурсуде барои бархе кишварҳо табдил шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин дар нишасти Комиссияи ҳамкории низомии Русия афзуд, акнун ба ҷойи набарди воқеӣ бо терроризм шоҳиди намоише аз он ҳастем. Раисҷумҳури Русия бо баёни ин ки ҳар кишваре бояд дар хусуси содироти силоҳ эҳсоси масъулият кунад, гуфт, бархе тавлидкунандагони аслиҳа аз усулу қоидаҳои байналмилалӣ сарпечӣ мекунанд ва ин ба таъмини силоҳ барои террористҳо мунҷар мешавад.

 

Барчасп