Дидори сарони Русия ва Қазоқистон ва имзои чанд санади ҳамкорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25337-Дидори_сарони_Русия_ва_Қазоқистон_ва_имзои_чанд_санади_ҳамкорӣ
Раисони ҷумҳурии Русия ва Қазоқистон бо ҳам дидор ва дар масоили дуҷониба ва минтақаӣ чанд санади ҳамкорӣ имзо карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 11, 2017 07:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарони Русия ва Қазоқистон ва имзои чанд санади ҳамкорӣ

Раисони ҷумҳурии Русия ва Қазоқистон бо ҳам дидор ва дар масоили дуҷониба ва минтақаӣ чанд санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дидори рӯзи ҷумъаи Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев дар чорчӯби нишасти чаҳордаҳумин Анҷумани ҳамкориҳои минтақаии ду кишвар дар вилояти Челябински Русия анҷом шуд.

Путин ва Назарбоев дар ин дидор ҳамчунин чанд тавофуқнома ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла баёнияи муштарак ба муносибати биступанҷумин солгарди барқарории равобити дипломатии Маскав ва Остона имзо ва мунташир карданд.