Август 18, 2016 11:38 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ ба саросари дунё пиёданизом эъзом кардааст

Асноди иттилоотии ба дастомада тавассути сервисҳои амниятии мухталиф нишонмедиҳад, шохаи амниятии ДИИШ машғули эъзоми террористҳои пиёданизом ба саросари ҷаҳон аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, асноди ифшо шуда тавассути созмонҳои иттилоотии Фаронса, Белгия, Олмон ва Австрия нишонмедиҳад, шохаи амниятии ДИИШ бо номи арабии "Амнӣ", таркибе аз нерӯҳои пулиси дохилӣ ва шохаи амалиётҳои хориҷӣ аст.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии "World Tribune", ин аснод нишонмедиҳад, сарбозони пиёданизоми "Амнӣ" ба кишварҳои Австрия, Олмон, Испания, Лубнон, Тунис, Бангладеш, Индонезия ва Малайзия эъзом шудаанд.

Ҳерӣ Сарфо, яке аз аъзои ин шохаи ДИИШ, ки дар Олмон дастгир шудааст, мегуяд ин ягони ДИИШ маъмулан аз тоза мусулмоншудаҳо ва онҳое, ки дини худро тағйир додаанд, истифода мекунад.

Бар асоси гуфтаҳои вай, замоне, ки дар ДИИШ буда, омилони "Амнӣ" ба у гуфта буданд, "афроди зиёде дар Аврупо зиндагӣ мекунанд, ки мунтазири дастури ҳамла ба мардуми Аврупо ҳастанд".

 

Барчасп