Тайиди ҳукми ҳабси абади раҳбари Ихвонулмуслимини Миср
(last modified 2017-11-15T17:29:44+00:00 )
Ноябр 15, 2017 22:29 Asia/Dushanbe
  • Тайиди ҳукми ҳабси абади раҳбари Ихвонулмуслимини Миср

Додгоҳи таҷдиди назари Миср ҳукми ҳабси абади Муҳаммад Бадиъ, раҳбари Ихвонулмуслимини ва шумори дигар аз аъзои ин ҳизбро дар парвандаи ҳаводиси панҷуми июли 2013 дар Исмоилия, тайид кард.

Додгоҳи таҷдиди назари Миср дар бораи ҳаводиси Исмоилия, ҳукми худро дар бораи 105 тани муттаҳами ҳозир ва ғоиби ин ҳаводис содир кард .

Ин додгоҳ ҳукми ҳабси абади Муҳаммад Бадиъ ва 35 нафари дигар аз аъзои Ихвонулмуслиминро тайид кард .

Додгоҳи таҷдиди назари Миср, бархе дигар аз муттаҳамонро ба се то 15 соли ҳабс маҳкум ва 20 муттаҳамро низ табраа кард .

Додситонии кулли Миср муттаҳамонро ба барномарезӣ барои ҳамлаи мусаллаҳона ба сохтмони устондории Исмоилия, қатли се шаҳрванди мисрӣ ва иқдом ба қатли 16 тани дигарро дар ҳаводиси 5 июли 2013 муттаҳам кард .

Ин ҳодиса дар паи он рӯй дод, ки Абдуфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури кунунии Миср, Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури мунтахабро барканор кард .

Ба дунболи он, давлати Миср фаъолияти гурӯҳи Ихвонулмуслиминро мамнуу шумори зиёде аз раҳбарону аъзои ин гурӯҳро боздошт кард .

 

Барчасп