Трамп ба "эъдом" маҳкум шуд
Расонаҳои Кореяи Шимолӣ раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба далели тавҳин ба раҳбари кишварашон сазовори эъдом донистанд.
Ба гузориши рӯзномаи “Гордиян”, рӯзномаи “Rodong Sinmun”, чопи Пхенян дар сармақолаи рӯзи чаҳоршанбеи худ зимни ҳамлаи шадид ба раиси ҷумҳурии Амрико барои ин изҳорот навишт: “Бадтарин ҷинояте ки ӯ (Доналд Трамп) ба хотири он ҳаргиз набояд бахшида шавад, он аст, ки ба худ ҷуръат дода то ба мақоми олии раҳбарӣ (раҳбари Кореяи Шомилӣ) ҷасорат кунад”.
Сармақоланависи ин рӯзнома дар идома навиштааст: “Трамп бояд бидонад, ки фақат ҷинояткоре зишту кареҳ аст, ки халқи Корея ӯро ба эъдом маҳкум кардааст”.
Раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи якшанбе, 12-уми ноябр дар сафҳаи твиттерии худ навишта буд: “Чаро Ким Чен Ин тавҳин мекунад ва маро пир мехонад? дар ҳоле ки ман ҳаргиз ба ӯ “кӯтулаи чоқ” (қадпасти ғафсак) намегӯям”.
Матбуоти Кореяи Шимолӣ ҳамчунин Доналд Трампро ба далели ин ки дар ҷараёни сафари осиёии ахири худ барномаи боздид аз маконе дар Кореяи Ҷанубӣ ва дар наздикии марзи ду Кореяро лағв кард, “тарсу” хонданд.
Трамп, ки дар боздиди ахири худ аз панҷ кишвари осиёӣ, ба дунболи ҷалби ҳимояти ин кишварҳо дар мухолифат бо барномаи таслеҳоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ буд, дар сафари худ ба Кореяи Ҷанубӣ, раҳбари Кореяи Шимолиро “диктатори бераҳм” хонда буд.