Нахустин тамоси телефонии Путин бо раҳбарони мухолифони шарқи Украина
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25487-Нахустин_тамоси_телефонии_Путин_бо_раҳбарони_мухолифони_шарқи_Украина
Раиси ҷумҳурии Русия бо раҳбарони мухолифони Донетск ва Луганск дар бораи мушкилоти табодули асирон телефонӣ гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 16, 2017 14:54 Asia/Dushanbe
  • Нахустин тамоси телефонии Путин бо раҳбарони мухолифони шарқи Украина

Раиси ҷумҳурии Русия бо раҳбарони мухолифони Донетск ва Луганск дар бораи мушкилоти табодули асирон телефонӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории Интерфекс, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл эълом кард, Владимир Путин чаҳоршанбешаб барои нахустин бор бо Александр Захарченко ва Игор Плотнитский, раҳбарони мухолифони Донетск ва Луганск дар бораи табодули густардаи асирон байни тарафайни муноқиша дар Донбас ( шарқи Украина ), музокираи мустақими телефонӣ дошт.

Як мақоми рус, ки хост номаш фош нашавад, дар ин бора гуфт, табодули асирон ба шакли “ҳама дар баробари ҳама” мумкин аст қабл аз оғози соли нави мелодӣ ва баъд аз тавофуқоти ниҳоӣ байни ду тарафи муноқиша, анҷом шавад.

 Украина аз апрели соли 2014 ва дар пайи кудатои ғарбгароён, саҳнаи даргирии давлати ғарбгарои Киев ва мухолифон дар манотиқи шарқии Луганску Донетск аст.

Тарафҳои даргир барои ҳаллу фасли мусолиматомези муноқиша дар ин минтақа, сентябри соли 2014 мувофиқатномаи оташбас дар Минск имзо карданд, ки ин тавофуқ борҳо нақз шудааст.