Интиқоди Русия аз тасмими ахири Ожонси ҷаҳонии мубориза бо допинг
(last modified Thu, 16 Nov 2017 12:20:26 GMT )
Ноябр 16, 2017 17:20 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз тасмими ахири Ожонси ҷаҳонии мубориза бо допинг

Раиси Кумитаи миллии олимпии Русия, тасмими Ожонси ҷаҳонии мубориза бо допингро дар қиболи Русия, сиёсӣ тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Александр Жуков эълом кард, ин тасмим таъсире бар ҳузури варзишкорони рус дар рақобатҳои олимпӣ нахоҳад дошт.

Ӯ бо ишора ба иқдомоти бархе мураббиён ва масъулони собиқи  “РУСАДА” (созмони мубориза бо допинги Русия ), афзуд, тамоми мавориди таъйин шуда дар нақшаи роҳи “РУСАДА” риоят шудааст.

Раиси Кумитаи миллии олимпии Русия, ҳамчунин гумоназаниҳои матраҳ шуда дар мавриди ҳимояти давлатӣ аз допингро рад кард.

Ожонси ҷаҳонии мубориза бо допинг рӯзи панҷшанбе таълиқи Созмони мубориза бо допинги Русия, “РУСАДА” -ро дар камтар аз се моҳ монда ба оғози Бозиҳои олимпии замистонии Пхенчхани Кореяи Ҷанубӣ ҳифз кард.

Ожонси ҷаҳонии мубориза бо допинг, ноябри 2015 “РУСАДА” -ро дар пайи расвоии вуҷуди системи допинги давлатӣ дар Русия, дар давраи 2011 то 2015 таълиқ кард.

Пештар Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар суханоне мудохилаи Амрикоро дар ин бора мавриид интиқод қарор дода буд, зеро бисёре аз ин ниҳодҳо дар Амрико қарор доранд ва аз сиёсатҳои он кишвар пайрави мекунанд.