Ноябр 16, 2017 19:53 Asia/Dushanbe
  • НАТО неруҳои худро дар Афғонистон афзоиш медиҳад

Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), аз барномаи ин созмон барои афзоиши неруҳои ин созмон дар Афғонистон ба 16 ҳазор нафар то соли 2018 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Йенс Столтенберг теъдоди неруҳои ин созмонро дар Афғонистон, 13 ҳазор нафар эълом кард.

Ӯ афзуд, НАТО ба 16 ҳазор низомӣ барои омӯзиш ва ироаи хадамоти мусташорӣ ба неруҳои амниятии Афғонистон ниёз дорад.

Столтенберг хабар дод, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар барои эъзоми неруи низомӣ ба Афғонистон дар чорчӯби НАТО, эълом омодагӣ кардаанд, аммо ҳанӯз шумори неруҳои эъзомии ин ду кишвар ба Афғонистон мушаххас нест.

НАТО аз соли 2001 дар Афғонистон неру мустақар карда, ки 11 ҳазор нафар аз ин неруҳо амрикоӣ ҳастанд.

Вашингтон бозҳам дар садади афзоиши низомиёни худ дар Афғонистон аст. Ҳузури низомии 16 солаи НАТО ба саркардаги Амрико дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм, то кунун ҷуз куштори ҳазорон ғайри низомӣ, тахриби зерсохтҳо ва афзоиши тавлид ва қочоқи маводи мухаддир

 

Барчасп