Ноябр 17, 2017 20:25 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз ишғолгарии Амрико дар Сурия

Русия ҳузури нерӯҳои амрикоиро дар Сурия ғайриқонунӣ ва ишғолгарона хонд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, бар асоси маншури ин созмон, танҳо ниҳоде аст, ки метавонад дар бораи истифода аз нерӯи низомӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмимгирӣ кунад. Захарова афзуд, Шӯрои амният ба Амрико муҷаввизи ҳузури низомӣ дар Сурияро надода ва илова бар он нерӯҳои амрикоӣ бар хилофи хости ҳукумати қонунии Сурия дар он кишвар ҳузур доранд ва дар воқеъ, монанди нерӯҳои ишғолгар рафтор мекунанд.

Ҷеймз Матис, вазири дифои Амрико ба тозагӣ муддаӣ шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ба Вашингтон иҷозаи эъзоми нерӯ ба Сурия дода, зеро қатъномае алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ содир кардааст. Дар пайи ин иддаои вазири дифои Амрико Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ қонунӣ будани ҳузури нерӯҳои амрикоиро дар Сурия иддаои беасос донист. Гуфта мешавад, 500 мушовири низомии Амрико ба сурати ғайриқонунӣ дар хоки Сурия ҳузур дорад.