Ноябр 20, 2017 12:59 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Югославия дар остонаи судури ҳукми “қассоби Буснӣ”

Ҳукми муҷозоти фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Буснӣ мавсум ба “қассоби Буснӣ” омода шуда ва ба зуддӣ эълом хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, додгоҳи расидагӣ ба ҷиноятҳои ҷангии Югославия эълом кард, чаҳоршанбеи оянда ҳукми таърихии худро алайҳи Ратко Младич, фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Буснӣ эълом мекунад.

Парвандаи 22 солаи Младич шомили 11 фақра ҷурм дар заминаҳои наслкушӣ, ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст, ки ӯ аз замони фурӯпошии Югославия ва ҷанги Буснӣ дар даҳаи 1990 муртакиб шудааст.

Младич аз нахустин муттаҳамони додгоҳи расидагӣ ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар Югославия маҳсуб мешавад.

Додситонҳо мегӯянд, Младич дар поксозии қавмӣ барои эҷоди “Сербистони Бузург” дар ҷанги хунбори Буснӣ, дар солҳои 1992 то 1995 нақши асосӣ ифо кардааст.

Дар ин ҷанг 100 ҳазор нафар кушта ва ҳудуди ду миллиону 200 ҳазор нафар бехонумон шуданд.

Младич дар соли 2011 ва пас аз 16 сол фирор, дар хонааш дар Сербистон боздошт шуд.