Ноябр 20, 2017 17:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши норизоятии мардуми Фаронса аз раисҷумҳур

Бо гузашти 18 моҳ аз раёсатҷумҳурии Эмануел Макрон, сӯимудирият, боиси коҳиши шадиди маҳбубияти вай дар Фаронса аст.

Ба иттилои Presstv, сад нафар аз аъзои ҳизби Ҷумҳурӣ ба пеш ба раёсати Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ҳафтаи гузашта ба иллати набуди демократия ва сӯимудирият, истеъфо карданд.  

Бо интихоби раҳбари ҳизби Ҷумҳурӣ ба пеш дар торихи 18 ноябр, бисёре аз аъзои ин ҳизб иттилооти даруни ҳизбиро дар вокуниш ба ин интихоб фош карданд, ки ин масъала ба ваҷҳаи давлат ба шиддат осеб зад .

Бино бар ин гузориш, ҳизби Макрон, ки аксарияти қотеъро низ дар Парлумони Фаронса дорост, бештарин аъзояшро тозаворидоне ташкил медиҳад, ки дар ширкатҳои хусусӣ кор мекарданд ва ба иллати бетаҷрубагӣ боиси нокоромадии ин ҳизб дар парлумон шудаанд .

Ин афрод тайидкунандагони сирфи дастуроти Макрон қаламдод мешаванд .

Оморҳо нишон медиҳад, фақат 39 дарсад аз мардуми Фаронса, амалкарди Макронро тайид мекунанд .