Ноябр 21, 2017 15:21 Asia/Dushanbe

Раисони ҷумҳурии Русия ва Сурия бар зарурати оғози раванди сиёсӣ дар ин кишвар таъкид карданд.

Кохи Кремлин эълом кард, Владимир Путин ва Башор Асад дар Сочии Русия дидор каранд ва ба баррасии раванди амалиёти сиёсӣ барои ҳалли буҳрони Сурия пардохтанд.

Манобеи русӣ ба нақл аз Кохи Кремлини гуфтанд, дар ин дидор Путин пирӯзиҳои ахири Сурияро дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ ба Асад табрик гуфт .

Раисҷумҳури Русия ҳамчунин таъкид кард, ки музокироти Остона имкони музокироти густарда бо мухолифони суриро фароҳам мекунад ва Маскав ба мушорикати фаъоли Созмони милали муттаҳид дар марҳалаи поёнии раванди сулҳ ва ҳалли буҳрон дар Сурия умедвор аст .

Вай афзуд: Дар шароити феълӣ муҳим ин аст, ки раванди сиёсӣ дар Сурия по гирифта аст ва Асад бо ҳар касе, ки ба дунболи сулҳу субот дар Сурия бошад, ҳамкорӣ мекунад.

Дар ин дидор, раисҷумҳури Сурия низ таъкид кард, ки кишвараш бо кумаки Русия озод шуд .

Башор Асад афзуд: Пирӯзии ба даст омада ҳосили муборизаи нерӯи ҳавоии Русия ва артиши Сурия дар ду соли гузашта буд .

 

Барчасп