Август 18, 2016 14:34 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи ҷадиди эътирозҳо дар минтақаи Курдистони Ироқ

Минтақаи Курдистони Ироқ бо вуҷуди интишори бархе хабарҳо дар бораи ройзании аҳзоби курдистонӣ барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсии ин минтақа, ҳамчунон бо илтиҳоби иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ аст.

Минтақаи Курдистони Ироқ аз августи соли гузашта бо таъсирпазирии сиёсӣ ва дар пайи он, ба нобасомонии иқтисодӣ рӯбарӯ аст. Бо поёни даврони раёсати қонунии Масъуди Боризонӣ бар минтақаи Курдистони Ироқ дар 19 августи соли 2015, ҳар аз гоҳе эътирозе ба нобасомонии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ин минтақа мушоҳида мешавад. Эътисоб, тазоҳурот ва судури баёния аз ҷумлаи равишҳои эъломи эътирози мардумӣ ба вазъияти мавҷуди ҳоким бар минтақаи Курдистони Ироқ аст.

Дар ҳамин чорчӯб, Иттиҳодияи муаллимони минтақаи Курдистони Ироқ ба дунболи суханони сухангӯи идораи маҳаллии ин минтақа, дар бораи бурдбории муаллимон дар қиболи таъхир дар пардохти маошашон, рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе эълом кард, агар масъулони Курдистони Ироқ барои пардохти комили маоши муаллимон иқдом накунад, ҳамаи мадрасаҳо дар остонаи соли ҷадиди таҳсилӣ таътил хоҳанд шуд.

Ато Аҳмад, муовини раиси Иттиҳодияи муаллимони минтақаи Курдистони Ироқ дар гуфтугӯ бо расонаҳои маҳаллӣ, бо ҳушдор ба масъулои ин минтақа изҳор дошт, агар маоши муаллимон ба таври комил пардохт нашавад, бо ваҳдати ин иттиҳодия, метавонанд давлати маҳаллии Курдистони Ироқро соқит кунанд.

Ҷумъаи гузашта низ донишгоҳҳои Салоҳуддин, политехник ва пизишкӣ дар Эрбил бо судури баёнияе муштарак, идораи маҳаллии Курдистони Ироқро ба таътилии донишгоҳҳо таҳдид карда буданд.

Камбуди буҷет бо коҳиши қимати ҷаҳонии нафт ва ихтилофҳои сиёсӣ бар ҳалли мушкилоти иқтисодии Курдистони Ироқ соя афкандааст. Аз беш аз як соли гузашта, эътирозҳои мухталифе дар манотиқи мухталифи Курдистони Ироқ рӯй додааст. Дар мавориде ин эътирозҳо ба даргирӣ ва хушунат ҳам кашида шудааст.

Чанд рӯзи пеш Фозил Башоратӣ, намояндаи курди Маҷлиси Ироқ бо баёни ин ки Ҳизби демократи Курдистон барои сомон додан ба авзои минтақаи Курдистони Ироқ аз худ нармиш нишон додааст, тасреҳ кард, гуфтугӯҳо байни аҳзоби курдистонӣ тайи чанд рӯзи оянда бо ҳадафи ёфтани роҳҳаллҳои решаӣ барои бартараф кардани мушкилот аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодии Курдистони Ироқ дар гарави ҳамкорӣ ва иттиҳоди сиёсии аҳзоб курдистонӣ аст. Бо вуҷуди фарогир будани решаи кунунии мушкилотииқтисодӣ ба сабаби коҳиши қимати ҷаҳонии нафт, аммо он чӣ вазъияти мавҷуд дар Курдистони Ироқро ба марҳилаи эътироз, эътисоб ва таҳдид расонда, ҷанг ва даъвои сиёсӣ аст.

Ин даъвои сиёсӣ нишонгари чолиши мансаби раёсати минтақаи Курдистони Ироқ аст. Масъуди Боризонӣ аз августи соли гузашта ба унвони намояндаи ҳамаи аҳзоби курдистонӣ бар сандалии раёсати ин минтақа такя назадааст ва фақат бар асоси хости ҳизбӣ, ин сандалиро дар ихтиёр дорад.

Ҳизби демократи Курдистони Ироқ (партия) ба раёсати Масъуди Боризонӣ ҳамчунон исрор дорад, вай беҳтарин гузина барои идомаи раёсат бар минтақаи Курдистон Ироқ аст. Исрори ин ҳизб ва шунидани ҷавоби "на" аз сӯйи мухолифон дар ниҳоят сабаб шуд, ин ҳизб намояндагони Ҷумбиши тағйир ( Гӯрон)-ро ба унвони мухолифи сарсахти раёсати Боризонӣ, аз идораи маҳаллӣ ихроҷ кунад ва монеи идомаи фаъолияти Юсуф Муҳаммад Содиқ ба унвони раиси Порлумони маҳаллӣ шавад.

Дуели сиёсӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ беш аз як сол аст Порлумони маҳаллиро ба таътил кашондааст.  Дар чунин шароите то замоне, ки ихтилофҳои сиёсӣ ҳаллу фасл нагардад ва фаъолияти муҷаддади порлумон аз сар гирифта нашавад, наметавон чашмандози равшане барои ҳалли мушкилоти иқтисодии ин минтақа пешбинӣ кард.

Фосила гирифтан аз султаи инҳисории ҳизбӣ ва рӯйи хуш нишон додан ба хости мардум ба унвони асоситарин рукни демократия, нуқтаи поёнӣ бар раванди эътироз, эътисоб ва таҳдидҳо аз навъи ҳушдор барои соқит кардани идораи маҳаллии Курдистони Ироқ аст.