Омодагии Русия барои тамдиди тавофуқи коҳиши тавлиди нафт
(last modified Fri, 24 Nov 2017 13:36:34 GMT )
Ноябр 24, 2017 18:36 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои тамдиди тавофуқи коҳиши тавлиди нафт

Александр Новак, вазири энержии Русия аз омодагии кишвараш барои музокира бо Созмони Кишварҳои Содиркунандаи Нафт, ОПЕК дар нишасти рӯзи 30-юми ноябр дар Вена хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, ӯ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи кишварҳои содиркунандаи газ дар Боливия эълом кард, омодааст, то дар бораи тамдиди тавофуқи коҳиши тавлиди нафт бо Созмони Кишварҳои Содиркунандаи Нафт дар нишасти ояндаи ин созмон дар Вена музокира кунад. Новак хотирнишон кард, ҳама имзокунандагони ин тавофуқ ба дастёбӣ ба натоиҷи лозим дар ин гуфтугӯҳо мутааҳҳид ва пойбанд ҳастанд ва бархе мавзӯоти хос дар бораи муҳлате, ки бояд тавофуқи коҳиши тавлид тамдид шавад, дар нишасти Вена баҳсу гуфтугӯ хоҳад шуд.

ОПЕК ва 11 кишвари ғайриузви ин созмон моҳи декабри соли 2016 дар бораи коҳиши арзаи нафт ба бозор ба мизони як миллиону 800 ҳазор бушка дар рӯз дар нимаи нахусти соли 2017 тавофуқ карданд. Ҳамчунин рӯзи 25-уми май ду тараф бар сари тамдиди тавофуқномаи коҳиши тавлид то моҳи апрели соли 2018 ба тавофуқ расиданд.