Ноябр 25, 2017 14:55 Asia/Dushanbe
  • Покистон омӯзиши забони форсиро дар мадориси ин кишвар иҷборӣ мекунад

Вазири омӯзишу маҳоратҳои олии Покистон гуфт: Давлати ин кишвар дар назар дорад, ки забони форсиро дар мадорис иҷборӣ кунад.

Балиғ Алраҳмон гуфт: Талош мекунем, то забонҳои минтақаӣ аз ҷумла забони форсиро дар Покистон дар сутуҳи каршиносӣ ва каршиносии аршад густариш диҳем .

Ин мақоми покистонӣ, бо ташреҳи аҳаммияти густариши забони форсӣ бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти ду кишвар афзуд: Эрониён бо таваҷҷуҳ ба пешинаи фарҳангӣ ва илмии худ, аз ҷойгоҳи муҳиме дар минтақаву ҷаҳон бархурдоранд ва забони форсӣ низ ганҷинаи бузурги донишу ҳикмат барои ҳамагон аст .

Балиғ Алраҳмон ҳамчунин эълом кард: Исломобод ба донишҷӯёни покистонӣ барои анҷоми тарҳҳои таҳқиқотӣ дар донишгоҳҳои Эрон, бурсияи таҳсилӣ ироа медиҳад .

 

Барчасп