Ноябр 27, 2017 17:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳамсари собиқи Трамп: Ӯ тавони идораи Амрикоро надорад

Ҳамсари собиқи раисҷумҳури Амрико ӯро фарде нотавон барои амал ба масъулиятҳои ин симмат донист.

Иванаи чехиятабор, ҳамсари собиқи раисҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо радиои Ирландия дар бораи номзадии дубораи Доналд Трамп барои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико гуфт: Ӯ ба хушгузаронии бештар аҳаммият медиҳад ва тавоноии идораи Амрикоро надорад .

Ивана моҳи пеш низ дар суханоне ҷанҷолӣ гуфта буд, ки ҳамчунон бонуи аввали Амрикост, ҳол онки ин унвони расмӣ ба Мелания Трамп, ҳамсари кунунии Трамп ихтисос дорад .

Дафтари Мелания Трамп бо интишори баёнияе ин изҳори назари Иванаро сару садои худхоҳона хонда буд.

 

Барчасп