Ноябр 29, 2017 14:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Иттиҳодияи Аврупо дар бораи густариши хариду фурӯши интернетии маводи мухаддир

Иттиҳодияи Аврупо дар бораи густариши хариду фурӯши маводи мухаддир аз тариқи Интернет, ҳушдор дод.

Ба гузориши “Син Хуа”, Иттиҳодияи Аврупо дар тозатарин гузориши худ афзуд, пажӯҳишгарон бо ишора ба афзоиши таъмин, тақозо ва даромад, мизони хариду фурӯши маводи мухаддири шабакаиро дар бозори Аврупо ба арзиш 80 то 90 миллион евро баровард мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, зарфиятҳои сайберӣ барои масрафкунандагон ва фурӯшандагони маводи мухаддир ҷаззобияти бештаре дорад, зеро ба ҷои даврагардӣ дар сатҳи хиёбонҳо ва нигаронӣ аз боздошт шудан ба дасти неруҳои пулис, акнун бо итминони бештар ҳатто дар манозили худ ба савдогарӣ иқдом мекунанд.

Олмон, Нидерланд ва Бритониё се бозори умдаи муштараки аврупоӣ, дар фаъолиятҳои хариду фурӯши интернетии маводи мухаддир ба шумор мераванд.