Ашраф Ғанӣ 4 декабр ба Тошканд сафар мекунад
Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон бино ба даъвати Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон, 4 декабр баробар бо 13 озар ба Тошканд сафар мекунад.
Дар чорчӯби ин сафари барномарезӣ шуда, асноди байнидавлатӣ ва қарордодҳои бозаргонӣ имзо хоҳад шуд.
қарор аст дар дидорҳои дуҷонибаи дар сатҳи олии барномарезӣ шуда, чигунагии равобити Узбакистон ва Афғонистон ва аввалавиятҳои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобили баландмуддат баррасӣ ва дар бораи мавзуоти калидӣ, монанди масоили байналмилалӣ ва таъмини амнияти минтақаӣ табодул назар шавад.
Дар поёни музокирот интизор меравад, баёнияи муштараки раисони ҷумҳур тасвиб, бастаи асноди байнидавлатӣ ва байни идорӣ мабни бар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақлӣ, иртиботӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва дигар ҳавзаҳо ва ҳамчунин қарордодҳои бозаргонӣ имзо шавад.
Раисиҷумҳури Афғонистон дар чорчӯби сафари худ аз Бухоро боздид ва дар ҷамъи асотид ва донишҷӯёни донишгоҳи давлатии ин шаҳр, суханронӣ хоҳад кард.
Ҳамакнун дар Узбакистон 70 ширкат бо мушорикати сармоягузорони Афғонистон, аз ҷумла 20 ширкат бо 100 дарсад сармояи афғонӣ дар заминаҳои хадамот, тиҷорат ва ҳамчунин тавлиди масолеҳи сохтимонӣ фаъолият мекунанд.
Узбакистон ба Афғонистон барқ, мева, сабзиҷот, фаровардаҳои нафтӣ ва нуриҳои минералӣ содир мекунад.
Афғонистон истиқлоли Узбакистонро дар таърихи 22 декабри соли 1991 милодӣ ба расмият шинохта ва дар таърихи 13 октябри соли 1992 милод, байни ин 2 кишвар равобити дипломатӣ барқарор шудааст.