Ифшои ҳамкории молии як ширкати аврупоӣ бо ДИИШ
(last modified Mon, 04 Dec 2017 09:18:44 GMT )
Декабр 04, 2017 14:18 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҳамкории молии як ширкати аврупоӣ бо ДИИШ

Ширкати фаронсавӣ- швейтсарияии “Lafarge” изъон кард, ки ба таври мустақим ба ДИИШ ва соири гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия пул пардохта ва боҷ додааст.

Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, Beat Hess, раиси ширкати “Lafarge Cement” гуфт, иштибоҳи ғайриқобили қабул рух дода, ки ин ширкат бобати он муттаассиф аст.

Hess афзуд, ин ширкат дар марҳалаи душворе қарор дорад ва барои эътибори он мушкилоте ба вуҷуд омадааст.

Ин гузориш ҳокӣ аст, гурӯҳи террористии ДИИШ дар баробари дарёфти пул аз ширкати “lafarge”, ба коркунони он иҷоза дода буд, ки озодона дар минтақаи таҳти тасарруфи худ дар Сурия тараддуд дошта бошанд. Дар он замон ДИИШ контроли бештари чоҳҳои нафти Сурияро дар даст дошт.

Frederic Jolibois, ки дар соли 2014 мудири ин корхона дар Сурия буд, ба таъмини молии терроризм муттаҳам шудааст.

Bruno Pescheux, мудири ширкат аз солҳои 2008 то 2014 ва Jean-Claude Veillard, раиси бахши амниятии ин ширкат низ ба таъмини молии терроризм ва ба хатар андохтани зиндагии дигарон муттаҳам ҳастанд.

Амрико ва муттаҳидони аврупоӣ ва арабии он, аз соли 2011 бо ҳадафи сарнагун кардани давлати қонунии Башор Асад дар Сурия, террористҳоро дар ин кишвар таҷҳиз ва ҳимоят карданд, ки ин ҳимоятҳо ба шаклгирӣ ва тақвияти гурӯҳи террористӣ ДИИШ шуд.