Декабр 07, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Бритониё ҳам тасмими Трамп дар бораи Қудсро маҳкум кард

Тереза Мей нахуствазири Бритониё чаҳоршанбешаб дар баёнияе иқдоми Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро «ғайрисозанда» хонд ва онро маҳкум кард.

Пештар низ бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ин иқдоми Трампро маҳкум карда буданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки иқдоми раиси ҷумҳурии Амрико дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро маҳкум кард. Вазорати умури хориҷаи Эрон чаҳоршанбешаб дар баёнияе таъкид кард, ин иқдоми Трамп нақзи ошкори қатъномаҳои байналамилалӣ аст.

Вазорати хориҷаи Миср, Туркия, Лубнон, Сурия, Покистон ва Тунис ҳам чаҳоршанбешаб дар баёнияҳое, ин иқдоми Трампро маҳкум карданд.

Антониё Гуттереш дабири кулли Созмони милали муттаҳид ва Федерико Могеринӣ масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ иқдоми Трамп дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро маҳкум ва онро ғайрисозанда хонданд.

Ҳамчунин Эмануэл Макрон раиси ҷумҳурии Фаронса ин иқдоми якҷонбаи Трампро «таассуфбарангез» хонд.

Раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи чаҳоршанбе бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард: Амрико Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият мешиносад.

Трамп аз вазорати хориҷаи Амрико низ хост то муқаддамоти интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддасро фароҳам кунад.

Кунгураи Амрико, 23 октябри 1995 тарҳи интиқоли сафорати Амрико ба Қудсро тасвиб карда буд. Давлатҳои мухталифи Амрико аз он замон то кунун аз бими вокуниши афкори умумӣ аз иҷрои ин мусавваба кунгура имтиноъ карда буданд.

Пешқадам шудани Трамп дар ин замина, нишондиҳандаи таваҷҷуҳи вижаи вай ба режеми Исроил дар сояи ишғолгарӣ ва ҷиноятҳои рӯзафзуни ин режим аст.

Байтулмуқаддас аз соли 1967 дар ишғоли Исроил аст.

 

Барчасп