Декабр 07, 2017 14:01 Asia/Dushanbe
  • Путин ва эъломи поёни амалиёти низомии артиши Русия дар Сурия

Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия таъкид кард, пирӯзии комил дар Сурия ҳосил шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи чаҳоршанбе поёни амалиёти низомии артиши кишваршро дар ду сӯи рӯди Фурот дар Сурия эълом кард.

Путин гуфт, аз тариқи генерал Саргей Шойгу вазири дифои Русия аз ин рухдоди низомӣ огоҳ шуда ва ҳоло дигар ДИИШ дар ду сӯи рӯди Фурот комилан шикаст хӯрдааст.

Раиси ҷумҳурии Русия бо ишора ба даврони пас аз ДИИШ, эълом кард: Раванди гуфтугӯҳои миллии Сурия ба пеш хоҳад рафт ва қадами муҳими баъдӣ дар масири бозсозии ин кишвари ҷангзада, баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ аст.

Русия аз ду соли пеш ба дархости Димишқ дар Сурия амалиёти зиддитеррористӣ анҷом медиҳад.

Гурӯҳи кишварҳои ғарбӣ-арабии зиддсурӣ ба саркардагии Амрико аз шаш соли пеш бо роҳбурди сарнагунии давлати Сурия, корзореро дар ин кишвар ба роҳ андохтанд, ки сабаб шуд даҳҳо ҳазор террористи ифротӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба Сурия бираванд ва аз ҷангафзорҳои пешрафта, пул ва ҳимоятҳои иттилоотии Ғарб барои муқобила бо давлати Димишқ истифода кунанд.

 

Барчасп