Декабр 09, 2017 21:10 Asia/Dushanbe
  • Омори дурӯғи Пентагон дар бораи эъзоми ҳазорон низомии амрикоӣ

Вазорати дифои Амрико (Пентагон) дар бораи эъзоми ҳазорон низомии амрикоӣ ба нуқоти номаълуми ҷаҳон, дурӯғ мегӯяд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Антивар”, вазорати дифои Амрико дар хусуси эъзоми беш аз 40 ҳазор неруи амрикоӣ ба манотиқи ба истилоҳ "номаълум" дар саросари дунё, посухгӯ нест ва дурӯғ мегӯяд.

Дар ин гузориш омадааст, 44 ҳазор тан аз неруҳои артиши Амрико ахиран ба «манотиқи номаълум» эъзом шудаанд.

Мақомоти Пентагон мегӯянд, ҳеҷ роҳи мушаххасе барои ташреҳи маҳалли истиқрори ин неруҳо вуҷуд надорад.

Робин Мэннинг, сухангӯи Пентагон, иллати ин масъаларо «амнияти амалиёт» тавсиф мекунад.

Аз сӯи дигар, Мэннинг мегӯяд, Пентагон ҳамакнун бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ аст ва ҳеҷ гуна «системаи вижаи персонал » вуҷуд надорад, ки маҳалли коркунонро ба шакли дақиқ радёбӣ кунад.

Мақомоти Пентагон аз таъбири эъзом ба минтақаи «номаълум» истифода мекунанд, то шумори неруҳои мавҷуд ва низ неруҳое, ки ба манотиқи воқеӣ эъзом шудаанд, мушаххас нашавад.

Эрик Пейанн, яке дигар аз сухангӯҳои Пентагон мегӯяд, арқоми эълом шуда қарор нест омори дақиқи неруҳое бошад, ки дар ҳоли ҳозир ба манотиқ эъзом шудаанд.

“Антивар” менависад, замоне, ки Пентагон мехоҳад мардумро дар бораи маҳалли истиқрори неруҳо гумроҳ кунад, ба таври куллӣ дурӯғ мегӯяд.