Декабр 11, 2017 14:00 Asia/Dushanbe
  • Кинояи сухангӯи вазорати хориҷаи Русия ба кишварҳои ғарбӣ

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия аз Фаронса хост, нақши Русияро дар шикасти ДИИШ дар Сурия инкор накунад.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Мария Захарова дар паёме дар сафҳаи “Фейсбук”-и худ хитоб ба ғарбиҳо навишт: «шарикони ғарбӣ дар рӯзҳои ахир муддаӣ шудаанд, шикасти ДИИШ иртиботе ба Русия надошта, балки онҳо ва неруҳои эътилоф ба саркардагии Амрико сабаби нобудии ДИИШ дар Сурия шудаанд. Оқоён! лутфан ба хотири дастовардҳои худ дар Ироқ, Либия ва Афғонистон ба худ биболед!»

Жан-Ив Лудриан, вазири умури хориҷаи Фаронса ба тозагӣ зимни рад кардани нақши Русия дар шикасти ДИИШ муддаӣ шудааст, ки ин низомиёни эътилофи амрикоӣ буданд, ки ДИИШ-ро дар Сурия шикаст доданд ва аз ин кишвар берун ронданд.

Русия аз авосити соли 2015 ба дархости расмии давлати қонунии Сурия дар ин кишвар, ҳузури низомӣ ёфт ва дар ҷанг бо гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар мушорикат кард.

Ин дар ҳоле аст, ки эътилофи амрикоӣ бидуни иҷозаи давлати Димишқ, Сурияро ба баҳонаи мубориза бо терроризм бомбаборон мекард.