Вокуниши фаъоли сиёсии арабистонӣ ба хариди ҳунарии валиаҳди Саудӣ!+ карикатура
https://parstoday.ir/tg/news/world-i26735-Вокуниши_фаъоли_сиёсии_арабистонӣ_ба_хариди_ҳунарии_валиаҳди_Саудӣ!_карикатура
Фаъоли сиёсии арабистонӣ дар тозатарин твити худ ба иқдоми валиаҳди Саудӣ, ки як расми 450 миллион доллариро харидааст, вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 12, 2017 15:11 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши фаъоли сиёсии арабистонӣ ба хариди ҳунарии валиаҳди Саудӣ!+ карикатура

Фаъоли сиёсии арабистонӣ дар тозатарин твити худ ба иқдоми валиаҳди Саудӣ, ки як расми 450 миллион доллариро харидааст, вокуниш нишон дод.

Муҷтаҳид, фаъоли твиттерии машҳури Арабистон дар тозатарин твити худ бо интишори як карикатураи ҷолиб ба ин иқдоми Муҳаммад Бин Салмон эътироз кард .

Вол Стрит Журнал панҷшанбеи гузашта бо интишори гузорише аз ҳуввияти воқеии молики наққошии Исо Масеҳ ё мунҷии ҷаҳон асари Леонардо Давинчӣ парда бардошту навишт, Муҳаммад Бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ моҳи гузашта, комилан махфиёна бо пардохти 450 миллиону 300 ҳазор доллар ин расми наққошии гаронбаҳоро харидорӣ кард .

Бин Салмон бо пардохти ин рақам барои ин асари Леонардо Давинчӣ рекорди хариди гаронтарин расми наққошии ҷаҳонро шикаст .

Расми мунҷии ҷаҳон танҳо расми наққоши маъруф Давинчӣ аст, ки дар моликияти як фард аст ва бақияи расмҳои ӯ дар моликияти музейҳо қарор доранд .