Декабр 14, 2017 13:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти 60-дарсадии русҳо аз Путин дар интихоботи 2018

Як муассисаи назарсанҷии Русия аз тамоюли беш аз 60-дарсадии мардуми ин кишвар ба пирӯзии Владимир Путин дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гузориши Маскав-Таймс, бар асоси назарсанҷии муассисаи Левада, ки рӯзи чаҳоршанбе мунташир шуд, 61 дарсад аз мардуми Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2018 ба Владимир Путин раиси ҷумҳурии кунунӣ раъй хоҳанд дод.

Дар назарсанҷии авохири моҳи ноябр, 54 дарсад гуфта буданд ба Путин раъй медиҳанд.

Бинобар эъломи муассисаи Левада, беш аз 58 дарсади саволшавандагон дар ин назарсанҷӣ гуфтаанд, ки дар интихобот ширкат хоҳанд кард ва 75 дарсади онон таъкид кардаанд, ки қатъан ба Путин раъй хоҳанд дод.

Назарсанҷии ҷадиди Левада бо ширкати 1600 нафар дар 48 минтақаи Русия рӯзҳои якум то панҷум декабр иҷро шудааст.

Путин ҳафтаи гузашта номзадии худро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ояндаи Русия, ки марти 2018 баргузор мешавад, эълом кард.

Шӯрои федератсияи Русия низ хабар дод, аз ҷумъа 15 декабр таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар оғоз мешавад.