Декабр 14, 2017 14:04 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши ройгони забон барои муҳоҷирони корӣ дар Маскав

Дар китобхонаи Некрасови шаҳри Маскав довталабони дорои таҳсилоти омӯзгорӣ, давраҳои омӯзиши ройгони забони русӣ ва англисиро барои муҳоҷирони корӣ аз 13 декабр оғоз кардаанд.

Ба гузориши сомонаи tajikistantimes, Евгения Иванова яке аз ташкилдиҳандагони ин давра мегӯяд, дар ин давраҳои омӯзиши ҳамаи коргарони муҳоҷире, ки сатҳи дониши забони русӣ ва англисии онҳо пойн аст, метавонанд ширкат кунанд.

Вай афзудааст, омӯзгорони ҳирфаӣ ва дорои таҷрибаи кори муаллимӣ дар ин давраҳо тадрис мекунанд.

Ба гуфтаи хонум Иванова, дарсҳои ин давра ба афзоиши доманаи луғот ва боло бурдани сатҳи саводи шифоҳӣ ва навишторӣ мепардозад ва ҳамзамон, забономӯзон бо матнҳои муҳими адабӣ ошно мешаванд.

Давраи баргузори ин дарсҳо аз декабри ҷорӣ то моҳи июни соли 2018 аст.