Август 20, 2016 19:15 Asia/Dushanbe
  • Дасти радди Аврупо бар Туркия барои узвият дар ин иттиҳодия

Мақомоти аршади Иттиҳоди Аврупо, дархости Анкара барои узвият дар ин иттиҳодияро дар шаш соли оянда ғайримумкин хонданд.

Ба гузориши Пойгоҳи хабарии бурун марзӣ, Жан-Клод Юнкер- Раиси комиссиони Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, ки чашмандозе барои узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо вуҷӯд надорад, зеро Туркия, шароити таҳаққуқи ин ҳадафро фароҳам накардааст.

Ба гуфтаи Юнкер музокира бо Туркия солҳо ба тул меанҷомад.

Як сухангӯи Комиссияи Аврупо дар Брюссел низ эълом кард, аз ҷумлаи шурӯти мавриди ниёз барои ин узвияти давлати Туркия, тавваҷуҳ ба ҳокимияти қонӯн ва ҳуқуқи башар дар ин кишвар аст.

Элмар Брок-раиси Комиссияи сиёсати хориҷии порлумони Аврупо низ дар бораи узвияти Туркия, дар Иттиҳоди Аврупо ибрози тардид кард.

Брок гуфт, узвияти Туркия то соли 2023 дар Иттиҳоди Аврупо қобили таҳаққуқ нест ва масъулияти раванди кунади ин музокирот низ марбӯт ба Анкара аст.

Udo Bullmann-раиси гурӯҳи сотсиал демокротҳо дар порлумони Аврупо низ бо интиқод аз Туркия гуфт, Анкара ба сахтӣ ҳозир ба бароварда кардани шароити узвият дар ин иттиҳодия, аз ҷумла пайбандӣ ба ҳокимияти қонун аст.

 

Барчасп