Трамп, бузургтарин дуруғгуи сол ба интихоби Вашингтон Пост
(last modified 2017-12-17T16:31:15+00:00 )
Декабр 17, 2017 21:31 Asia/Dushanbe
  • Трамп, бузургтарин дуруғгуи сол ба интихоби Вашингтон Пост

Нашрияи Вашингтон Пост дар гузорише раисҷумҳури Амрикоро бузургтарин дуруғгуи сол муаррифӣ кард.

Пойгоҳи интернетии нашрияи Вашингтон Пост навишт: Дар торихи сиёсии ахири Амрико раисҷумҳуре, ки то ин андоза иғроқ кунад, вуҷуд надоштааст ва Доналд Трамп на фақат доим иддаоҳои дуруғ матраҳ мекунад, балки онҳоро ҳатто замоне, ки собит мешавад иштибоҳ будаанд, такрор ҳам мекунад .

Вашингтон Пост менависад, Трамп ҳамеша бидуни таваҷҷуҳ ба инки мадраки чандоне барои иддаояш надорад, исрор дорад, ки ҳақ бо ӯст ва дар айни ҳол изҳороту рафтори сиёсиаш бо бесуботӣ ва тағйироти ногаҳонӣ ва мукаррар ҳамроҳ аст .

Ба навиштаи Вашингтон Пост, дар муддати 298 рӯзи раёсатҷумҳурии Трамп, теъдоди изҳороти иштибоҳ ё дуруғи вай ҳазору 628 маврид будааст .

Вашингтон Пост ба намунаҳое аз иддаоҳои Трамп шомили иддаои шунуди муколимоти вай тавассути Барак Обама, раисҷумҳури собиқ, иддаои ҷаълӣ будани ахбори расонаҳо ва низ иддаои бузургтарин коҳиши молиётии торихи Амрико ишора кардааст .

 

Барчасп