Декабр 18, 2017 14:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори СММ дар бораи идомаи наслкушии мусулмонон дар Миёнмор

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, наслкушии мусулмонони Миёнморро ҳисоб шуда ва аз пеш созмондиҳӣ шуда, тавсиф кард.

Ба гузориши “Reuters”, Зайд Раъд ал Ҳусейн, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал бо таъкид бар ин, ки ҳамла ба мусулмонон Миёнмор бо барномарезӣ анҷом шудааст, гуфт, агар рӯзе иқдом ба наслкуши алайҳи мусулмонони Рӯҳингё дар Миёнмор ба додгоҳе ирҷоъ шавад, чизи аҷибе нахоҳад буд.

Вай афзуд, Созмони Милал аз Аун Сан Ҷи, вазири умури хориҷаи Миёнмор хостааст, барои поён додан ба иқдомоти низомӣ алайҳ мусулмонон талоши бештаре ба харҷ диҳад.

Зайд Раъд ал Ҳусейн, пештар низ амалиёти артиши Миёнморро дар Рохини ин кишвар, поксозии қавмӣ хонда буд.

Давлати Миёнмор, мусулмонони Рӯҳингиёро ба унвони яке аз қавмиятҳо ва қабилаҳои худ, ба расмият намешиносад ва онҳоро фоқиди салоҳияти лозим барои ҳуқуқи шаҳрвандӣ медонад.

Аз 25 август токунун дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркӯбгаронаи артиши Миёнмор алайҳи мусулмонони Рӯҳингиё дар Рохин, беш аз шаш ҳазор нафар кушта, ҳашт ҳазор нафар захмӣ ва беш аз  800 ҳазор нафари дигар низ маҷбӯр ба фирор ба Бангладеш шудаанд.

 

Барчасп