Русия ветои қатъномаи Қудс тавассути Амрикоро таассуфовар хонд
(last modified Wed, 20 Dec 2017 16:17:56 GMT )
Декабр 20, 2017 21:17 Asia/Dushanbe
  • Русия ветои қатъномаи Қудс тавассути Амрикоро таассуфовар хонд

Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе, ветои қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал дар бораи Қудс аз сӯи Амрикоро таассуфовар хонд.

Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе эълом кард, ветои қатъномаи Қудс аз сӯи Амрико ба унвони узви доимии Шӯроии амният таассуфовар аст, ин бори нахуст нест, ки Амрико рафторе бархилофи иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз худ нишон медиҳад, ки ба аркони ҳуқуқии раванди ҳалли масоили Ховари Миёна зарба ворид мекунад .

Вазорати хориҷаи Русия дар ин баёния дар бораи пешнависи радшудаи ин қатънома аз сӯи Амрико навишт: Дар ин санад таъкид шуда буд, ки ҳаргуна тасмим ё иқдом барои тағйири мавқеият ва вазъияти ҷамъиятии Қудс фоқиди эътибор аст .

Душанбе шаб, намояндаи Миср дар пешнависе аз кишварҳои ҷаҳон хоста буд, дар бораи Қудс бар асоси қатъномаҳои пешини Шӯрои амният амал кунанд, ки ин мавзуъ бо вуҷуди раъйи мувофиқи 14 узви ин шӯро бо ветои Амрико мувоҷеҳ шуд .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 6 декабр Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ эълом карду афзуд, сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудс мунтақил мешавад.