Стив Бенен: Духтару домоди Трамп масъули иштибоҳҳои Кохи Сафед ҳастанд
Стратеги аршади собиқи Доналд Трамп, духтару домоди раисҷумҳури Амрикоро масъули тамомии тасмимгириҳои иштибоҳ дар Кохи Сафед донист.
Стив Бенен бо интиқод аз авзоъ дар Кохи Сафед, Иванка, духтар Трамп ва Ҷаред Кушнер ҳамсарашро, ки вай он дуро Ҷаванка номид, омили аслии ҳамаи тасмимоти иштибоҳ дар Кохи Сафед муаррифӣ кард .
Бенен гуфт: Иванка дар тӯли корзори интихоботии Трамп сарманшаи тамоми тавсияҳои баду нодуруст буд .
Бенен афзуд, ки ҳатто як бор рӯ дар рӯ, вайро малакаи ифшогарӣ хитоб кардааст .
Бенен, Ҷаред Кушнер, домоди Трампро низ фарде нухбагаро ва дар айни ҳол фоқиди ҳаргуна таҷрубаи сиёсӣ тавсиф карду гуфт: Вай дар шароити печидае қарор гирифтааст, ки тавони гурез аз он барояш нест ва бо ташкилоти Трамп ҳеч иртиботе надорад .
Бенен тасреҳ кард, Кушнер ҳеч чиз дар мавриди дӯсту душман намедонад .
Стив Бенен, стратеги аршади Трамп, авосити моҳи август Кохи Сафедро тарк кард .
Расонаҳо гузориш доданд, ихтилофҳову эътирозҳои вай ба Иванка ва Кушнер, омили канорагирӣ аз симматаш дар Кохи Сафед будааст .