Декабр 25, 2017 14:20 Asia/Dushanbe
  • 3 кушта дар инфиҷори Кобул

Инфиҷори субҳи имрӯз (душанбе) дар шаҳри Кобул- пойтахти Афғонистон, се кушта барҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар ин инфиҷор, ки наздики муҷтамаи мутааллиқ ба Идораи амнияти миллии Афғонистон дар Кобул рух дод, се тан кушта ва шумори дигаре низ захмӣ шуданд.

Токунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро ба ӯҳда нагирифтааст.

Дар чанд моҳи гузашта Кобул шоҳиди чандин инфиҷор буда, ки садҳо кушта ва захмӣ барҷо гузоштааст ва гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҳамчунин Толибон масъулияти онро бар ӯҳда гирифтаанд.