Ришваи 50 миллион долларии Натаняҳу барои хариди раъйи аъзои СММ
Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар талош барои хариди орои 50 кишвар дар Созмони Милал, тасмим ба эҷоди Сандуқи сармоягузорӣ барои иҷрои проектҳое дар 50 кишвари ҷаҳон гирифтааст.
Ба гузориши “Шабакаи 2”-и телевизиони режими саҳюнистӣ, Бинямин Натаняҳу қасд дорад бо роҳандозии ин сандуқ бо сармояи аввалияи 50 миллион доллар, заминаи иҷрои проектҳои кишоварзӣ, ширинсозии оби дарё ва тавсеаи фанноварӣ дар ин кишварҳоро фароҳам кунад.
Бар асоси ин гузориш, вай дар муқобили ин кор мехоҳад, орои ин кишварҳоро дар Созмони Милал ба нафъи режими саҳюнистӣ тағйир диҳад.
Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, Натаняҳу ин тасмимро пас аз шикасти муфтазеҳонаи ҳафтаи қабли режими саҳюнистӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гирифт.
Маҷмаи умумии Созмони Милал ҳафтаи қабл қатъномаеро дар мухолифат бо тасмими Доналд Трамп бино бар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, ба раъй гузошт, ки дар он бештари аъзо (128 кишвар) ба ин қатънома, раъйи мувофиқ доданд.
Режими саҳюнистӣ дар ҳоли шиносоии кишварҳое аст, ки эҳтимол дорад дар қиболи дарёфти кумаки молӣ, аз ин режим ҳимоят кунанд ва дар ин росто, кишварҳои африқоӣ, осиёӣ ва бархе кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар конуни таваҷҷуҳи Тел Авив қарор гирифтаанд.