Декабр 30, 2017 12:03 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъулияти инфиҷори Санкт-Петербурги Русияро ба ӯҳда гирифт

Гурӯҳи террористии ДИИШ ҷумъашаб масъулияти инфиҷори ахир дар шаҳри Санкт-Петербурги Русияро бар ӯҳда гирифт.

Чаҳоршанбешаб бар асари инфиҷори террористӣ дар фурӯшгоҳе дар шаҳри Санкт-Петербург дастикам 13 нафар захмӣ шуданд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бо террористӣ хондани ин иқдом, рӯзи ҷумъа бо эҷоди ислоҳот дар қонуни ҷиноии ин кишвар, ки хостори шиддат бахшидани муҷозот барои омилони иқдомоти террористӣ то ҳабси абад мешавад, мувофиқат кард.

 Ин ислоҳот бар масъулияти иртикоби ҷурмҳои террористие монанди ҳимояти молӣ аз терроризм, ташвиқ ба анҷоми иқдоми террористӣ, ҷазби афроди ҷадид дар гурӯҳҳои террористӣ ё ҳар навъи дигар аз мушорикат дар фаъолиятҳои террористӣ таъкид дорад.

Қонуни ҷадид барои афроде, ки иқдом ба ҷазби террористҳо мекунанд, байни 8 сол ҳабс то ҳабси абад дар назар гирифтааст. Дар ҳоле ки қаблан ниҳояти муҷозоти ҳабс барои афроде, ки иқдом ба ҷазби террористҳо мекарданд, 10 сол буд.

Бар асоси эъломи мақомоти рус, садҳо нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд.

Ҳузури низомии Русия аз миёнаҳои соли 2015 дар Сурия ва муқобила бо гурӯҳи террористии ДИИШ сабаби афзоиши таҳдидот ва ҳамалоти террористӣ дар Русия шудааст.