Майдоннишинии тарафдорони рӯҳонии баҳрайнӣ вориди моҳи саввум шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i2785-Майдоннишинии_тарафдорони_рӯҳонии_баҳрайнӣ_вориди_моҳи_саввум_шуд
Мардуми хашмгин аз лағви тобеияти шайх Исо Қосим, раҳбари мусулмонони Баҳрайн барои 63-умин рӯз ба майдоннишинии худ муқобили хонаи вай идома доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 22, 2016 10:40 Asia/Dushanbe
  • Майдоннишинии тарафдорони рӯҳонии баҳрайнӣ вориди моҳи саввум шуд

Мардуми хашмгин аз лағви тобеияти шайх Исо Қосим, раҳбари мусулмонони Баҳрайн барои 63-умин рӯз ба майдоннишинии худ муқобили хонаи вай идома доданд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Вазорати кишвари Баҳрайн дар 20 июни соли 2016 шаҳрвандии шайх Исо Қосимро ба иттиҳоми "таъсиси гурӯҳҳои вобаста ба марҷаияти сиёсӣ-динии хориҷӣ" бекор ва шоҳи Баҳрайн низ бо ин тасмими Вазорати кишвар мувофиқат кард.

Ҳалқаи майдоннишинии ҳомиёни оятуллоҳ Қосим дар атрофи хонааш аз он торих оғоз шудааст  ва ҳамчунон идома дорад.

Уламои Баҳрайн дар ин 60 рӯз чандин бор баёния содир ва эълом кардаанд, ки сарнавишти онҳо - сарнавишти оятуллоҳ Қосим аст.