Сирқати се миллион евро ҷавоҳирот аз Кохи “ Dodge”-и Венетсия (филм)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28023-Сирқати_се_миллион_евро_ҷавоҳирот_аз_Кохи_dodge_и_Венетсия_(филм)
Дар намоишгоҳи ганҷинаҳои маҳораҷаҳои Ҳинд ва Муғул дар Кохи “ Dodge”-и Венетсияи Италия, ҷавоҳироте ба арзиши се миллион евро сирқат шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 06, 2018 17:59 Asia/Dushanbe

Дар намоишгоҳи ганҷинаҳои маҳораҷаҳои Ҳинд ва Муғул дар Кохи “ Dodge”-и Венетсияи Италия, ҷавоҳироте ба арзиши се миллион евро сирқат шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Фронс 24”, ин дуздӣ дар тӯли рӯз ва дар замоне, ки боздидкунандагон дар маҳал ҳузур доштанд, сурат гирифт.

Омилони сирқат, ки ду нафар буданд, бо ҳамроҳии гурӯҳе аз гардишгарони осиёӣ вориди намоишгоҳ шуданд ва ҷавоҳиротро рубуданд, ки эҳтимолан арзиши онҳо беш аз се миллион евро аст.

Яке аз неруҳои пулиси Венетсия ин сирқатро ҳирфаӣ донист ва таъкид кард, пулис ҳамаи неруҳои худро барои бозгардондани ҷавоҳироти сирқат шуда ба кор мегирад.