Январ 08, 2018 15:07 Asia/Dushanbe
  • Иддаои миёнҷигарии Амрико ва қарордоди домоди Трамп бо исроилиҳо

Рӯзномаи “New York Times” аз тозатарин равобити молии домоди Трамп ва ширкатҳои режими саҳюнистӣ, парда бардошт.

Пойгоҳи интернетии рӯзномаи “New York Times” навишт, дар остонаи сафари Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба Исроил, ширкати хонаводагии домоди вай, Jared Kushner бо ширкати исроилии “Menora mivtachim”, қарордоде ба арзиши 30 миллион доллар имзо кард.

“New York Times” ин қарордодро тозатарин робитаи молии хонаводаи домоди Трамп ва шарикони исроилии ӯ номида, ки байни Кушнер ва як хонаводаи сарватманд ва бонки исроилӣ имзо шудааст.

“New York Times” бо интиқод аз ин қарордод навиштааст, ин гуна муносиботи молии хонаводаи Трамп бо исроилиҳо бавижа бо таваҷҷуҳ ба иқдоми моҳи гузаштаи Трамп алайҳи Қудс, тавонмандии Амрикоро дар миёнҷигарии музокироти сулҳ, беш аз пеш тазъиф мекунад.

Трамп шашуми декабри 2017 Қудсро ба унвони пойтахти режими Исроил ба расмият шинохт ва дастури интиқоли сафорати Амрикоро ба ин шаҳр, содир кард.